Дар Вена роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вена мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва дигар намояндагони ҳайати ҷумҳурӣ бо Президенти Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар бахшҳои энергетика, захираҳои об, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоя барои амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди ҷумҳурӣ мубодилаи афкор намуда, имкониятҳои тавсеаи ҳамкориро дар ин самтҳо баррасӣ намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд бо фонд барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи равобити шарикӣ ва татбиқи ташаббусҳои нави муштарак таъкид кард.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






