Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози тадбирҳои боварӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО- CICA) ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти сайёҳии устувор ва сабз аҳамияти хосса медиҳад. Чунин иброз намуд Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон дар Конфронси байналмилалии «Давраи сайёҳии сабз дар давлатҳои CICA», ки 23 июн дар шаҳри Боку баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафоарти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев, Дабири кулли CICA Кайрат Сарибой ва дигарон сухан намуданд.
Дар конфронс ҳамчунин дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ, бунёди ҷомеаи устувор муаррифӣ гардида, омодагии ҷумҳурӣ барои идомаи ҳамкории бисёрҷониба, мубодилаи таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи сайёҳӣ таъкид гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон










COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






