Доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муносибати қабули ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид конфронси илмӣ-назариявӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ – заминаи устувори қабули ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» доир гардид.
Тавре аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокдорон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи нишаст ибрози андеша намуда, ин ташаббуси муҳимро пирӯзии бузурги дипломатияи Тоҷикистон ва эътирофи байналмилалии сиёсати сулҳпарваронаи кишвар, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.
Иштирокдорон бо барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагӣ, ҷонибдории комили худро аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.
Таъкид гардид, ки Қатъномаи мазкур маҳсули сиёсати дурбинона ва ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф ва фаъол дар пешбурди рӯзномаи сулҳи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.
Изҳор карда шуд, ки ташаббуси мазкур давоми даҳ соли оянда барои таъмини суботи устувори сайёра ва ҳифзи манфиати наслҳои оянда замина фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон










«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






