Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» дар мавзуи «Татбиқи ҳадафи чоруми стратегии ҷумҳурӣ: иҷро, равандҳо ва мушкилот» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Дар конфронс иброз гардид, ки татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ танҳо бо ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот имконпазир мебошад. Дар ин замина, ҷалби ҷавонон ба соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардид.
Иштирокчиёни конференсия доир ба нақши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи саноат баён намуданд, ки татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, пеш аз ҳама ба сатҳи таълими кадрҳои техникӣ ва муҳандисӣ вобастагии мустақим дорад.
Имрӯз дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва рақобати ҷаҳонӣ зарурати таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалии соҳаи таҳсилоти касбӣ бештар эҳсос мегардад. Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба марказҳои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат табдил ёбанд.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷриба, таҳкими ҳамкории илмӣ ва муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат аҳамияти муҳим доранд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






