Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд

Июнь 3, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зисти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Иброҳим Исмоилов дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme Closing Event  иштирок дорад. Чорабинӣ   2 июн оғоз гардида, то 5 июни   соли равон дар қароргоҳи марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса идома меёбад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Лоиҳаи «Green Roots: Youth for Sustainable Agriculture», ки аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳия гардидааст, аз ҷумлаи 100 лоиҳаи беҳтарини ҷавонон аз саросари ҷаҳон эътироф  шуда, соли 2025 аз ҷониби ЮНЕСКО ва ширкати Nestlé барои татбиқ ва маблағгузорӣ интихоб гардида буд.

Дар доираи амалисозии лоиҳа дар назди кафедраи экология фазои нави таълимӣ ва илмӣ таъсис дода шуда, озмоишгоҳи таҳлили хок ва нуриҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид. Ин имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён малакаҳои амалӣ оид ба таҳлили хок, мониторинги муҳити зист, коркарди маълумот ва истифодаи технологияҳои рақамиро аз худ намоянд.

Бояд таъкид намуд, ки Иброҳим Исмоилов пештар низ дар чорабиниҳои байналмилалии ЮНЕСКО фаъолона иштирок намудааст. Аз ҷумла, соли 2025 ӯ дар Форуми ҷавонони ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, иштирок намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои марбут ба рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳм гузошта буд.

Иштироки донишҷӯи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ  далели таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти донишкада ба рушди иқтидори ҷавонон, ҷалби онҳо ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таъмини иштироки онҳо дар барномаҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

Дар ин замина, барои донишҷӯён имкониятҳои мусоид барои иштирок дар форумҳо, конфронсҳо, лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои ҷавонон фароҳам оварда шуда, ҳамзамон татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО пайваста дастгирӣ карда мешавад.

Барномаи чоррӯзаи чорабинӣ вохӯриҳо бо шабакаҳои ҷавонони ЮНЕСКО, омӯзишҳо оид ба роҳбарӣ, рушди иқтидор, муаррифии лоиҳаҳо, мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи имкониятҳои рушди минбаъдаи ташаббусҳои ҷавононро дар бар мегирад.

Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариши ҳамкории илмӣ, рушди иқтидори ҷавонон ва ҷалби таҷрибаи пешқадам дар соҳаҳои экология, кишоварзии устувор ва технологияҳои инноватсионӣ мусоидат менамояд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Июнь 3, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд