Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид

Июнь 24, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа  бо директори иҷроияи амалиётии Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бёрде баргузор шуд, ки дар он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо  Бонки ҷаҳонӣ  баррасӣ шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистон ба  Анна Бёрде барои дастгириҳои пайвастаи бонк дар самти маблағгузории лоиҳаҳои ҳаётан муҳим, бахусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишварзӣ, инчунин барои дастгирии буҷети давлатӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо раванди маблағгузории лоиҳаи стратегии ҷумҳурӣ — сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ҷалби сармояи сохторҳои молиявии байналмилалиро ба ин иншооти ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд