ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
ДУШАНБЕ, 22.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ҳамдилию ҳамраъйӣ 29 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллиро зери сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳи болида истиқбол мегиранд. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, профессор Зоир Раҳмонзода, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар идомаи мақола мавсуф чунин ибрози андеша намудааст:
— Ҳар гоҳе, ки аз истиқрори сулҳ дар давлати тозаистиқлоли тоҷикон сухан мекунем, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, ба ёд меояд. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз ба зиммаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон 40 сол доштанд, дар лаҳзаҳои басо мушкил ва сарнавиштсоз сарварии ҷумҳурӣ вогузор карда шуд.
Аз аввалин корҳоеро, ки ин сарвари ҷавон анҷом доданд, парчамро ба чашмони худ молида, савганд ёд карданд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам!».
Мардуми Тоҷикистон аз ин паёми меҳрбори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол карданд, онро пазируфтанд ва барои орому осуда сохтани марзу буми аҷдодӣ ҷонибдори сиёсати роҳбари ҷавони давлат гардиданд. Солҳои ниҳоят вазнин ва мушкилро мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвари оқилу дурандеши хеш паси сар намуданд.
Дар ин давра, дар натиҷаи нооромиҳои мамлакат нишондиҳандаи асосии макроиқтисодии кишвар, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 3 маротиба коҳиш ёфта буд, ки чунин ҳодиса дар иқтисодиёти ягон кишвари ҷаҳон ба чашм нарасидааст ва аз ҷониби мутахассисон-иқтисоддонҳои хориҷӣ бесобиқа арзёбӣ карда шудааст (расми 1).
Пас аз он ки вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар тавассути каҳрамонию ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ то андозае ба эътидол омад, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат вусъати тозае пайдо кард.
Баракати сулҳу ваҳдати миллӣ имкони воқеии рушдро дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ фароҳам овард. Дар фосилаи 29 соли ваҳдату оромӣ миллати тоҷик аз пайи шукуфоӣ зина ба зина дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ пешрафт мекунад.
Акнун пойтахти тоҷикон – шаҳри Душанбе ҳамоишҳои байналмилалиро мизбонӣ менамояд. Дар 29 соли сулҳу оромӣ иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 маротиба рушд кардааст. Дар замони муосир ба ягон кишвари дунё мушарраф нагардидааст, ки дар як муддати кўтоҳ бо чунин суръати баланд рушди иқтисодиёташро таъмин карда бошад.

Расми 2. Таҳияи муаллиф. Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бастани Созишномаи сулҳ (солҳои 1997-2025)
Ҷоннисориҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки чор ҳадафи мушаххаси стратегии Ҳукумати кишвар оқилонаю хирадмандона ва дар сатҳи баланди касбӣ муайян гардид. Ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи муносиб муҳайё гардида, бо амалӣ намудани чор ҳадаф, марҳила ба марҳила Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тарақӣ мубадал гардид.
Ҳадафи якуми стратегӣ — дастрасӣ ба истиқлоли энергетикӣ ва ноил шудан ба кишвари содиркунандаи барқ мебошад. Истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун рукни асосии мустақилияти иқтисодӣ аз оғози асри XXI дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. То имзои истиқрори сулҳ, зиёда аз 70%-и иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ фалаҷ гардида буд.
Дар ин замина, аз соли 2008 идомаи корҳо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии миллати тоҷик аз нав оғоз гардид. Ин лоиҳаи бузурги миллӣ бо иқдоми мустақилонаи Тоҷикистон, бо вуҷуди мухолифатҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бо сармоягузории дохилӣ ва дастгириву саҳмгузории мардуми кишвар шурӯъ шуд.
Баъд аз ба истифода додани аввалин агрегати НБО-и «Роғун» соли 2018, иқтидори тавлиди барқ марҳила ба марҳила афзуда, шароити интиқоли барқ ба тамоми манотиқи кишвар беҳтар гардид. Татбиқи ин лоиҳа, Тоҷикистонро ба яке аз содиркунандагони неруи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад, аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000 бо ин мақсад амалӣ мешавад.
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 57 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар ин давра, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 22 миллиард киловатт – соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Ин иқдом ва ташаббуси Сарвари давлат новобаста аз мушкилотҳои номбаршуда аз ҷониби сокинону шаҳрвандон ва мардуми кишвар ҳамовозии хеле хуб пайдо кард. Имрӯз мардуми кишвар шоҳиди давра ба давра ва сол то сол ба марҳилаҳои сифатан нави таъмини энергетикӣ ва зиндагии шоиста расидан мебошад.
Ҳадафи дуюми стратегӣ — раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари транзитӣ дар минтақа буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки то ибтидои солҳои 2000 бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон бо марказҳо иртиботи заминии доимӣ надоштанд.Махсусан, ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва минтақаҳои марказию ҷанубӣ аз ҳам ҷудо буданд. Барои аз байн бурдани ин мушкилот, Ҳукумати кишвар як барномаи густардаи роҳсозӣ ва нақбсозиро роҳандозӣ кард. Аз ҷумла, бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва маблағҳои дохилӣ: нақбҳои «Истиқлол» (Анзоб), «Шаҳристон», «Хатлон», «Чормағзак», ки минтақаҳои ҷудошударо пайваст намуданд;
Шоҳроҳҳои байналмилалии Душанбе–Чанак ва Душанбе–Қулма, ки Тоҷикистонро бо Чин, Қирғизистон ва Русия мепайванданд;
Фурудгоҳҳои муосири байналмилалӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб бунёд гардиданд.
Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардида истодаем. Бо ин мақсад, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.
Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.
Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.
Ҳамзамон бо ин, дар ВМКБ таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.
Бунёди роҳҳои Гулистон – Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара – Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (137 километр – марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи иҷро ва қисме дар марҳилаи оғозшавӣ қарор дорад.
Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ навсозӣ карда шуданд.
Дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду навсозии 41 пул ба анҷом расидааст.
Тасмим гирифта шудааст, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкарда дар панҷ – шаш соли оянда бояд ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гарданд. Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем.
Ҳадафи сеюми стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим ба ҳисоб меравад. Дар ин самт вобаста ба ин ҳадаф, маротибаи аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат гузаронида шуд. Истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва баракати истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад.
Баъди ҷанги шаҳрвандӣ соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар ҳолати шадиди рукуд қарор дошт. Ин соҳа ғановати табиии зиёд дорад, вале норасоии техника, захираҳои молиявӣ ва омодагии кадрӣ амнияти озуқавориро зери хатар қарор дода буданд. Аз соли 2008 ба ин сӯ, амнияти озуқаворӣ ба унвони ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар сатҳи қонунгузорӣ ва барномарезии давлатӣ татбиқ гардид.
Бо амалишавиии барномаи «Рушди деҳот, соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ», ба як қатор дастовардҳо ноил гардидем, аз ҷумла: афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 2010–2020 зиёда аз 2 баробар; бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ; Ташвиқи соҳибкории деҳот ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ватанӣ, ки ҳамаи ин боиси таҳким ёфтани амнияти озуқаворӣ гардиданд.
Ҳанӯз дар оғози солҳои истиқлоли давлатӣ, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.
Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст. Воридоти шир ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст. Яъне ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони шуравӣ ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид.
Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.
Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст.
Яъне имрӯз кишвари мо бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин мебошад.
Солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида натиҷаҳои мусбат дода истодаанд: дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст.
Танҳо дар асоси татбиқи имтиёз дар соҳаи парандапарварӣ дар ин давра шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 3,3 баробар ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.
Ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул. Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд. Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод гардида буд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.
Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шуд. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.
Рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.
Месазад, ки миллати тамаддунофари тоҷик ҷиҳати боз ҳам устувор намудани амнияти миллӣ, рушду нумуъ додани иқтисодиёту иҷтимоиёт ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳама аз як гиребон сар бароварда, камари ҳиммат бандем, бо Пешвои муаззами миллат ифтихор кунем ва тамоми ташаббусу корҳояшро дастгирӣ намоем.
Маҳз ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ замина фароҳам созад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳёи ҳувияти миллӣ ва фарҳанги тоҷикон мебошад. Баргузории ҷашнҳои миллӣ, монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Парчам ва Рӯзи Истиқлол, нақши муҳиме дар таҳкими худшиносии миллӣ доранд.
Ҳукумати кишвар бо дарки аҳамияти фарҳанг ва илм, бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва илмӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ кӯшиш менамояд, ки субот ва ваҳдатро барои наслҳои оянда ҳамчун як арзиши пойдор устувор созад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Таҷрибаи бадастовардаи сулҳи тоҷиконро имрӯз дар миқёси ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ маънидод карда, пайваста мавриди омӯзишу таҳқиқ ва васфу ситоиш қарор медиҳанд, ки ҳар як фарди бедордилу соҳибватанро огоҳ мекунад, дар пойдору устувор нигоҳ доштани ин фазои орому осуда – Ваҳдати миллӣ бояд, ки камари ҳиммат бандад.
Тибқи иттилои мавҷуда, то имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 170 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Намояндагиҳои дипломатии наздики 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон узви беш аз 55 созмони байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвар бояд ҷиҳати пойдории сулҳу субот аз як гиребон сар бароварда, барои тарғиби ваҳдати миллӣ, тақвияти маърифати сиёсӣ, ҳифзи марзу бум ва таҳкими истиқлоли миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монем. Бо амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва соатҳои хониши сиёсӣ аҳамияти ғояи ваҳдати миллиро ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ба сокинону шаҳрвандонамон ба таври возеҳ фаҳмонем. Ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷо оварда, ба қадри ин неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон









Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мавҷуд аст
Дар фасли тобистон чӣ гуна ташнагиро бе зарар расондан ба саломатӣ рафъ созем?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд






