Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми XI байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагонхабар доданд, зимни мулоқот Файзалӣ Идизода таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба масъалаҳои дастгирии кӯдакон ва ҷавонон аҳаммияти махсус медиҳад. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сиёсати давлатии ҳадафмандона барои фароҳам овардани шароити мусоид ба таҳсил, тарбия ва рушди насли наврас амалӣ мегардад.
Изҳор гардид, ки чунин ҳамоишҳо дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши муҳим доранд.
Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» ба яке аз лоиҳаҳои муҳими башардӯстонаи ИДМ табдил ёфта, садҳо навраси боистеъдодро аз кишварҳои узв муттаҳид менамояд.
Ҳадафи асосии форум густариши муколамаи фарҳангӣ ва таҳкими дӯстӣ байни насли ҷавон арзёбӣ мегардад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






