Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд

Июнь 24, 2026 09:12

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-и шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавии Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» изҳори сипос карда шуд.
Баён гардид, ки дар рафти форум кӯдакон бо фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои давлатҳои иштирокчӣ шинос шуданд, ки барои тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод муҳим мебошад.

Дар фарҷом ба иштирокчиёни форум «Гувоҳнома» ва «Сипоснома» тақдим ва чорабинии фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Форум нахустин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 22 июни соли равон дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардида, 23 июн дар шаҳри Душанбе идома ёфт.

Дар шаҳри Душанбе кӯдакон аз Парлумони Тоҷикистон ва муассисаҳои фарҳангии пойтахт боздид намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2026 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд