Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раванди иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда ва масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки 2-3 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар меҳвари мулоқоти ҳамраисони Комиссияи муштарак қарор гирифт.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамраисони Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон – Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва Вазири федеролии энергетикаи Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ дар суҳбат таваҷҷуҳи асосиро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, тиҷорату иқтисод, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи «CASA-1000» равона намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон бо иродаи сиёсии роҳбарияти олии давлатҳо дар солҳои охир тамоюли мусбати рушд дошта, барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ имкониятҳои назаррас мавҷуд мебошанд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






