«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. 4-5 июни соли 2026 дар деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Дар чорабинии байналмилалӣ иштироки намояндагони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Эрон ва дигар кишварҳо дар назар дошта шудааст. Ба форум ҳамчунин намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, сармоягузорон, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват гардидаанд.
Иштирокдорони форум метавонанд дар намоишгоҳ дар бораи ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик — чакандӯзӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои суннатӣ маълумоти муфассал гиранд. Зеро маҳз ҳунарҳои мардумӣ яке аз бахшҳои муҳимми рушди сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар форум масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи сайёҳӣ, дурнамои ҳамкорӣ ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд. Яке аз бахшҳои асосии форум панелҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар онҳо мутахассисон ва коршиносон масъалаҳои мубрами соҳаи сайёҳиро муҳокима менамоянд, аз ҷумла сайёҳии рақамӣ ва зеҳни сунъиро.
Дар доираи форум вохӯриҳои соҳибкорӣ дар шакли B2B баргузор мешаванд, ки барои ташкили ҳамкории нав ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат мекунанд. Дар чунин мулоқотҳо намояндагони ширкатҳо метавонанд лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуда, роҳҳои нави ҳамкориро муайян созанд.
Тибқи иттилои масъулин, танҳо дар соли 2025 ба вилояти Хатлон як миллиону 647 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст. Ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳ ба минтақа ва рушди тадриҷии соҳаи сайёҳӣ шаҳодат медиҳад.
Рушди сайёҳӣ ба иқтисоди минтақа таъсири мусбат мерасонад. Бо афзоиши шумораи сайёҳон талабот ба меҳмонхонаҳо, нақлиёт, хизматрасонӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ низ зиёд мешавад. Дар баробари ин, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд ва имкониятҳои соҳибкорӣ бештар мешаванд.
Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии«Хатлон- сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» метавонад як қадами устувори Тоҷикистон дар роҳи табдил ёфтан ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии минтақа бошад.
Ин чорабинӣ на танҳо имкониятҳои вилояти Хатлон, балки иқтидорҳои тамоми кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Тоҷикистон дорои табиати нотакрор, таърихи қадима ва фарҳанги ғанӣ мебошад ва истифодаи дурусти ин имкониятҳо метавонад дар оянда барои рушди иқтисодӣ ва мустаҳкам гардидани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд






