Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд

Июнь 24, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Он вақтҳое, ки барои пайвасткунии тарофа ё пуркунии тавозуни телефон ба як кунҷи дигари шаҳр рафтан лозим меомад, бебозгашт дар қафо монданд. Алҳол қариб ҳама корҳоро метавон онлайн анҷом дод. Барои ин ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дорои каналҳои мухталифи иртиботӣ мебошад. Доир ба он, ки оператор ба муносибати 25-солагии ширкат кадом майдонҳоро барои муошират бо муштариён пешниҳод менамояд, каме маълумот медиҳем.

Муштариёне ҳастанд, ки барои онҳо ҳозир ҳам ба идораи хизматрасонӣ омада, бо мушовирон ҳамсуҳбат шудан роҳи аз ҳама қулаю осон аст. Боз як роҳи маъмулии ҳалли масъалаҳои мобилӣ – занг ба маркази тамос. Ширкат якчанд рақамро пешниҳод кардааст: 907700500 – барои муштариён – шахсони воқеӣ, 907887777 барои мизоҷони корпоративӣ, 4747 – барои истифодабарандагони интернети хонагӣ.

Ҳар як канал бо системаи IVR муҷаҳҳаз буда, он дар ҳалли масъалаҳои мубрам то ба амал омадани пайвастагӣ кумак менамояд. Лекин асри ХХI қоидаҳои худро дорад. Бисёри муштариён доимо зери дасти худ интернет доранд, бинобар ин, онлайн-хизматрасонӣ ба ҷойи аввал меистад.

Каме аз омор сухан гӯем: Соли 2025 миқдори муроҷиатҳо ба онлайн-чат ва маркази тамоси овозӣ қариб як ададро ташкил медод – зиёда аз 1 миллион дар ҳар як канал. Лекин аллакай дар семоҳаи аввали соли 2026 чат ба ҷойи аввал баромад. Гап сари он аст, ки сифати хизматрасонӣ дар он то дараҷаи назаррас боло рафт: агар соли гузашта тариқи ин канал 89 фоиз муроҷиатҳо ҳал мешуданд, акнун ин рақам 99 фоизро ташкил медиҳад. Вақти миёнаи интизории ҷавоб – ҳамагӣ наздики як дақиқа. Албатта акнун барои муштариён муошират бо оператори худ ба тариқи онлайн қулайтар аст.

Нақши муҳимтаринро дар хизматрасонии рақамӣ ба муштариён замимаи мобилии «МегаФон Life» мебозад. Истифодабарандагон имкон доранд, ки тавозунро назорат кунанд, бақияи бастаҳоро пайгирӣ намоянд, бонусҳо ва санаи пардохти навбатиро бисанҷанд. Худи ин ҷой хадамоти дастгирӣ фаъол аст. Ба саволҳои маъмулӣ чат-боти «Доно» ҷавоб мегардонад. Агар он дар ҷавоб душворӣ кашад, ба суҳбат онлайн-мушовир ҳамроҳ мешавад.

«Мо дида истодаем, ки мизоҷон ҳарчи бештар каналҳои рақамии иртиботро интихоб менамоянд. Вазифаи мо – таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ дар ҳамаи нуқтаҳои тамос маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, диққати махсус ба онлайн-имкониятҳо равона карда мешавад. Чат-боти «Доно» ва онлайн-чат аллакай имрӯз дар ҳалли бисёр масъалаҳо бе интизорӣ кумак менамояд ва мо ин самтро густариш хоҳем дод», — изҳор дошт роҳбари самти таҷрибаи мизоҷон ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Фарангис Нурханова.

Дар омади гап, «Доно» ба яке аз онлайн-ёварони аввалин дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Айни замон ба ғайр аз «МегаФон Life» он ба муштариён дар сомонаи ширкат (http://live.megafon.tj), Telegram (https://t.me/megafon_dono_bot), Facebook Messenger (m.me/mftchatbot) ва WhatsApp (907700500) ба саволҳо ҷавоб медиҳад.

Хизматрасонӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои маъруф – самти алоҳидаи фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мебошад. Муштариёне, ки интернетро фаъолона истифода мебаранд, имкон доранд, ки дар саҳифаҳои расмии ширкат бо оператор мустақиман ба тамос баромада, машварат гиранд:

— Telegram: https://t.me/megafon_taj

— Instagram: https://www.instagram.com/megafontj/

— Facebook: https://m.me/mftchatbot

— «ВКонтакте»: https://vk.com/megafontj

— «Одноклассники»: https://ok.ru/megafontj

Идораҳои хизматрасонӣ, зангҳо ба маркази тамос, замимаи «МегаФон Life», шабакаҳои иҷтимоӣ – чунин аст доираи имкониятҳое, ки барои муштариёни ширкат муҳайё карда шудаанд. Канали аз ҳама қулай ва босуръати иртиботро бо оператори худ интихоб намоед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 24, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад