Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад

Июнь 24, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, ҳамзамон Раиси иҷлосияи шастуми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳолӣ ва рушд Ҷонибек Ҳикмат бо ёвари Дабири кулл оид ба ҳамоҳангсозии сиёсатҳои Дафтари масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид хонум Бйорг Сандкйер мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба раёсати Тоҷикистон дар иҷлосияи шастуми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳолӣ ва рушд, инчунин дурнамои роҳандозии ташаббусҳои муштаракро вобаста ба ташкил ва баргузории ин иҷлосия баррасӣ намуданд.

Бюрои Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳолӣ ва рушд аз намояндагони панҷ гурӯҳи минтақавӣ иборат буда, давоми иҷлосияи дарпешистода бо ташкил намудан ҷаласаҳои махсус масъалаҳои марбут ба фаъолияти Комиссияро баррасӣ хоҳад намуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июнь 24, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд