Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар муколамаи панелии Форуми OPEC дар Вена муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар баробари истифодаи захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, инчунин барои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Айни замон бунёди ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт идома дошта, ҷумҳурӣ дар масири расидан ба истиқоли энергетикӣ қарор дорад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар муколамаи панелӣ, ки дар ҳошияи Форуми рушди Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) оид ба рушди байналмилалӣ дар пойтахти Австрия — шаҳри Вена баргузор шуд, баён намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Вена муколамаи панелӣ таҳти унвони «Таъмини пешрафт: Рушди низомҳои ҳамгирошудаи энергетика ва захираҳои об барои манфиатҳои муштарак» доир гардид. Дар он Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии рушди низоми энергетикии мамлакат, раванди ҳамгироии минтақавии энергетикӣ ва масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои об ибрози назар намуд.
Гуфта шуд, ки айни замон раванди пайвастшавии пурраи Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дошта, ин иқдом метавонад ба таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ мусоидат намояд.
Дар робита ба масъалаҳои захираҳои об ва таъсири тағйирёбии иқлим таъкид гардид, ки тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Раванди обшавии босуръати пиряхҳо, аллакай, ба устувории ин захираҳо таъсири ҷиддӣ расонида, зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои обро бештар мегардонад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






