Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд

Июнь 30, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 июн дар шаҳри Нанкини музофоти Ҷянсуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» баргузор гардид. Дар доираи он имкониятҳои сайёҳӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода аҳамияти таҳкими ҳамкории Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии минтақа ҳамчун фазои ягонаи сайёҳӣ ва рушди хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ иброз намуд.

Гӯшаи намоишии ширкати «Асрори санг», ки дар он намунаҳои нодири маҳсулоти ҳунарӣ, расмҳо, армуғонҳо ва дигар осори муаллифӣ аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд, таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб намуд.

Экспозитсияи Тоҷикистон сокинони Чин, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ ва доираҳои соҳибкориро бо фарҳанги ғанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷониби Тоҷикистон иштирокчиён ва меҳмононро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «Dushanbe International Tourism Exhibition» (DITE-2026), ки аз 24 то 26 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, даъват намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд