Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво шабона дар водиҳо бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона дар водиҳо бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 дараҷа гарм ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






