Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Аз 2 то 5 июн аз сабаби бориши борон дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шабона ҳаво бебориш шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кутоҳмуддат дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳои вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, эҳтимоли раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо бошад, шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шабона бебориш буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона бебориш шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 8-13 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа гарм ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






