Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамзамон дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шудаааст. Дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, ҳангоми ба амал омадани раъду барқ бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






