Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз оғоз гардид

Июнь 29, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз /GCF- Green Climate Fund/ оғоз гардид, ки он то 2 июл идома меёбад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни маросими ифтитоҳ баргузории ин чорабинии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани омилҳои марбут ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ гардид.

Ҷаласаи Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз чорабинии бонуфузи байналмилалӣ буда, бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзои фонд, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва коршиносони соҳаи иқлим дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба маблағгузории иқлимӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушди устувор ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим баррасӣ мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон баргузор гардидани ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешбурди рӯзномаи байналмилалии иқлим арзёбӣ гардида, барои густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷалби сармоягузориҳои «сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешоҳанг дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба об ва иқлим, ҳифзи пиряхҳо эътироф гардида, ташаббусҳои Тоҷикистон пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.

Фонди иқлими сабз бузургтарин фонди байналмилалӣ дар ҷаҳон мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба мамлакатҳои дар ҳоли рушд дар мубориза бо тағирёбии иқлим таъсис дода шудааст. Он лоиҳаҳои бузургро барои гузариш ба иқтисоди камкарбон ва мутобиқ шудан ба тағирёбии муҳити зисти ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад.

Фонд соли 2010 дар доираи Конвенсияи Чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим ва Созишномаи Париж таъсис ёфтааст. Идораи марказии фонд дар маҳали тиҷоратии Сонгдо, шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея ҷойгир буда, аз ҷониби Шурои директорон, ки 24 нафарро ташкил медиҳад, идора карда мешавад ва аз сӯи Котибот дастгирӣ меёбад. Хонум Мафалда Дуарте, ки зодаи Португалия аст, Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз мебошад. Портфели Фонди иқлими сабз беш аз 20 миллиард долларро бо фарогирии зиёда аз 300 лоиҳа дар бар мегирад.

Самти фаъолияти Фонди иқлими сабз ба маблағгузории лоиҳаҳо барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла гузариш ба энергияи барқароршаванда, мутобиқшавӣ ба иқлим, дастгирии давлатҳо, ки аз хушксолӣ, обхезӣ, баланд шудани сатҳи баҳр ва обшавии пиряхҳо осеб мебинанд, равона карда шудааст.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад