Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Дар водиҳо ҳаво бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад, чангу ғубор ба амал меояд. Дар пойтахт ҳаво шабона 22+24 дараҷа гарм ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






