«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026». Дар намоиши байналмилалӣ беш аз 60 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд

Июнь 18, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» ифтитоҳ гардид. Дар намоишгоҳ зиёда аз 60 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ аз Тоҷикистон, Русия, Эрон, Покистон, Узбекистон ва Қазоқистон иштирок намуда, маҳсулот, таҷҳизот, технология ва хизматрасониҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Намоишгоҳ имрӯз аз соати 10:00 оғоз гардида, то соати 17:00 ва рӯзҳои 19 — 20 июн аз соати 09:00 то 18:00 идома меёбад.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода зимни ифтитоҳи намоишгоҳ иброз намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мусоидаткунандаи рушди соҳибкорӣ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки барои муаррифии молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ватанӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва мубодилаи таҷриба байни соҳибкорони дохиливу хориҷӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварад.

-Солҳои охир таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим, косметология ва хизматрасониҳои зебоӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад. Дар мамлакат шумораи марказҳои хусусии тиббӣ, косметологӣ ва кошонаҳои ҳусн мунтазам зиёд гардида, талабот ба технологияҳо, таҷҳизот ва маҳсулоти муосири соҳа меафзояд, — таъкид намуд Фарҳодшоҳ Раҳмонализода.

Бояд гуфт, ки дар доираи намоишгоҳ барои баргузории муаррифӣ (презентатсияҳо), вохӯриҳои корӣ ва гуфтушунидҳои соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки шарикони нав пайдо намуда, робитаҳои тиҷоратии худро густариш диҳанд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳ ҳайатҳои соҳибкорӣ ва меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон аз намоишгоҳ боздид менамоянд, ки ин барои рушди ҳамкории минтақавӣ аҳамияти муҳим дорад.

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» як платформаи самараноки B2B ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин намоишгоҳ вохӯрӣ, рӯнамоӣ ва машваратҳо бо иштироки мутахассисони пешбари соҳа баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои аломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» то 20 июн идома меёбад.

 

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод