Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд

Июнь 23, 2026 16:33

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз сад нафар иштирокдорони Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод», ки намояндагони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия ва Туркманистон мебошанд, дар доираи барномаи фарҳангию маърифатии форум бо таърих, фарҳанг ва мероси ғании тамаддунии халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, бо мақсади густариши донишу ҷаҳонбинии фарҳангии иштирокдорони форум, ба онҳо сайрҳои илмӣ-маърифатии осорхонавӣ ташкил карда шуданд.

Меҳмонон зимни тамошои толорҳои намоишии муассиса бо намунаҳои нодири мероси моддӣ ва маънавии тоҷикон, дастовардҳои тамаддунии ниёгон, марҳилаҳои гуногуни рушди таърихии давлатдории тоҷикон, инчунин арзишҳои фарҳангии миллӣ аз наздик шинос шуданд.

Иштирокчиён оид ба таърихи қадим ва миёнаи тоҷикон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, фарҳангу санъат, анъанаҳои миллӣ ва саҳми халқи тоҷик дар ташаккули тамаддуни минтақа маълумоти муфассал дарёфт намуданд.

Экспонатҳои нодир ва муҳтавои илмии намоишгоҳҳо таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро ба худ ҷалб намуда, барои дарки амиқтари мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон мусоидат карданд.

Боздиди иштирокдорони Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ҳамчун як бахши муҳими барномаи фарҳангии форум ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди муколамаи байнифарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар бораи таърих ва арзишҳои фарҳангии давлатҳои иштирокчӣ мусоидат намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 23, 2026 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад