Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»

Июнь 24, 2026 14:49

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ дорад. Он собит менамояд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад. Тавассути ин ҷоиза Тоҷикистон метавонад минбари нави муколама ва ҳамкориро байни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ фароҳам оварад. Ин раванд ба таҳкими дипломатияи обӣ ва пешгирии ихтилофҳои вобаста ба истифодаи захираҳои об мусоидат мекунад. Ин матлабро директори Агентии «Тоҷикстандарт» Исломиддин РАҲМОН дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, баён намудааст. Дар идомаи мақола чунин изҳори назар гардидааст:

— Ҷоизаи мазкур  мақоми байналмилалии Тоҷикистонро таҳким бахшида, нуфузи ҷумҳуриро ҳамчун маркази муколама ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои об афзоиш медиҳад. Об яке аз сарватҳои муҳимтарини табиат буда, асоси ҳаёт ва рушди устувори ҷомеаи инсонӣ маҳсуб меёбад. Дар асри XXI масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба яке аз масъалаҳои калидии рушди башарият табдил ёфтааст. Тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди саноат ва кишоварзӣ, инчунин ифлосшавии манбаъҳои обӣ боис гардидаанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об таваҷҷуҳ намояд.

Вобаста ба ин чанде пеш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026 «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» ба тасвиб расид, ки ин на танҳо як санади нави ҳуқуқӣ, балки як рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом дар заминаи таҳаввулоти муосири сиёсати ҷаҳонии об, афзоиши таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об маъно ва аҳамияти махсус касб мекунад.

Бояд гуфт, ки дар чунин шароит таъсис ёфтани Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз муҳимтарин ташаббусҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, аҳамияти сиёсӣ, илмӣ, экологӣ ва гуманитарии он сол ба сол бештар мегардад.

Тавре маълум аст, дар ҳақиқат масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи он дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди аввал гузошта шудааст. Новбаста ба он ки об тақрибан 70 фоизи рӯйи сайёраро ташкил медиҳад, танҳо 2,5 фоиз аз ин андоза оби нӯшокӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, барои инсон танҳо 0.3  фоиз захираҳои ҷаҳонии оби нӯшокӣ дастрас мебошад, андозаи зиёди об дар шакли пиряхҳо ё дар қаъри замин мавҷуд мебошад. Инсоният аллакай дар айни замон маҷбур аст, ки дар шароити камобии афзоянда зиндагӣ намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалҳои мавҷудбудаи бад шудани ҳолати муҳити зист, аз ҷумла, ҳифз намудани захираҳои табиии об ҷалб намояд.

Коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки дар даҳсолаҳои наздик рақобат барои захираҳои обӣ метавонад ба яке аз мушкилоти асосии ҷаҳон табдил ёбад. Имрӯз садҳо миллион нафар дар минтақаҳои гуногуни сайёра ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасии кофӣ надоранд. Дар баробари ин, обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолии пайдарпай, биёбоншавӣ ва офатҳои табиӣ ба амнияти озуқаворӣ ва иқтисодии давлатҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Маҳз аз ҳамин ҷиҳат масъалаи об дигар танҳо масъалаи экологӣ набуда, ба масъалаи амнияти миллӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори тамоми давлатҳо табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захираҳои бузурги обӣ дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муҳим мебозад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор иқдомҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи об амалӣ гардид. Ин ташаббусҳо, аз ҷумла дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пуштибонии худро пайдо намудааст. Масалан, эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2018 -2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо пешниҳод ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон масъалаи обро на танҳо ҳамчун манфиати миллӣ, балки ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳими глобалӣ арзёбӣ мекунад.

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об бо мақсади қадрдонӣ намудани шахсони алоҳида, олимон, муҳаққиқон, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар субъектҳое таъсис дода шудааст, ки дар ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми назаррас мегузоранд.

Метавон гуфт, ки ҳадафҳои асосии ҷоиза иборатанд аз:

— дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар самти захираҳои обӣ;

— тарғиби технологияҳои муосири сарфаи об;

— ҳавасманд намудани навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи об;

— ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об;

-тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ;

— дастгирии ташаббусҳои экологӣ ва иқлимӣ ва монанди ин.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин ҷоиза рушди илм ва технология мебошад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани талабот ба об, татбиқи дастовардҳои илмӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.

Ҷоиза метавонад олимонро барои гузаронидани тадқиқоти нав дар самтҳои мониторинги захираҳои обӣ, омӯзиши пиряхҳо, идоракунии захираҳои обӣ, тозакунии об, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии об, пешгӯии офатҳои табиии вобаста ба об ҳавасманд намояд.

Имрӯз тағйирёбии иқлим ба яке аз таҳдидҳои ҷиддии инсоният табдил ёфтааст. Обшавии пиряхҳо, баланд шудани ҳарорати ҳаво, хушкшавии дарёҳо ва камшавии захираҳои обӣ аз ҷумлаи паёмадҳои ин раванд мебошанд.

Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии кӯҳсор аз таъсири тағйирёбии иқлим бетаъсир нест. Пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии об барои минтақа мебошанд, тадриҷан коҳиш меёбанд. Дар чунин вазъият ҷоиза метавонад ба ташвиқи тадқиқоти илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои амалие мусоидат намояд, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои обӣ равона шудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ дорад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад.

Тавассути ин ҷоиза Тоҷикистон метавонад минбари нави муколама ва ҳамкориро байни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ фароҳам оварад. Ин раванд ба таҳкими дипломатияи обӣ ва пешгирии ихтилофҳои вобаста ба истифодаи захираҳои об мусоидат мекунад.

Яке аз ҳадафҳои асосии рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва беҳдошт мебошад. Амалӣ гардидани ин ҳадаф бевосита аз истифодаи самараноки захираҳои обӣ вобаста аст.

Ин ҷоиза ба татбиқи ин ҳадафҳо мусоидат намуда, таҷрибаҳои беҳтаринро муаррифӣ ва паҳн менамояд. Ҳамзамон он ба ҷалби сармоя ва шарикони рушд барои амалисозии лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи об замина фароҳам месозад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун яке аз пешсафони дипломатияи об мешиносад. Пешниҳод ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти об нишон медиҳад, ки ҷумҳурии мо ба масъалаҳои умумибашарӣ бетараф нест.

Бояд гуфт, ки ин ҷоиза на танҳо воситаи қадрдонӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва амалӣ дар соҳаи об мебошад, балки ҳамчун механизми муҳими пешбурди ҳамкории байналмилалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор хизмат мекунад. Ҷоиза бозгӯи нақши фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии об ва саҳми арзандаи ҷумҳурӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2026 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Истиқболи донишмандон ва табибони Эрон аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода: «Яке аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳё ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад»
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мавҷуд аст