Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд

Июнь 19, 2026 09:00

 ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои идоракунии устувори захираҳои об, рушди гидроэнергетика, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аминҷон Гулаҳмадзода  бо  намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология хабар медиҳад.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, татбиқи роҳҳои аз ҷиҳати экологӣ асосноки рушди соҳаи гидроэнергетика, ҳифзи экосистемаҳои обӣ ва таҳкими амнияти экологӣ зоҳир гардид.

Аминҷон Гулаҳмадзода натиҷаҳои лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии амалишаванда ва афзалиятҳои рушди минбаъдаро дар бахшҳои мухталифи обӣ, гидроэнергетика ва экологӣ муаррифӣ намуд.

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид саҳми институтро дар таъмини илмии рушди устувори бахшҳои об, энергетика ва экологияи Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор карданд.

Ҷонибҳо ба густариши ташаббусҳои муштараки илмӣ ва амалӣ, табодули таҷриба ва пешбурди қарорҳои инноватсионӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла об ва беҳдошт, энергияи дастрас ва тоза ва мубориза бо тағйирёбии иқлим изҳори ҳавасмандии муштарак намуданд.

АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 19, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд