Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
РАШТ, 01.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Рашт тасмим гирифтаанд, ки имсол истеҳсоли пилларо ба 18 тонна расонанд. Дар ин хусус намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт Сайаттор Халилов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Ба иттилои номбурда, онҳо то имрӯз қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмакро риоя карда, айни замон пиллапарварони ҷамоатҳои деҳоти Нусратулло Махсум, Оби Меҳнат ва Тагоба ҷамъоварии пилларо оғоз намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия дар асоси барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он» 600 қуттии кирми кирмак ба 670 хоҷагии кирмакпарвари ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дода шуд, ки хушбахтона парваришу нигоҳубини кирм хуб ба роҳ монда шудааст ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои хӯроки кирмак барги тут кифоя мебошад.
Солҳои гузашта Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Рашт аз кирмакпарварон як килограмм пиллаи омехтаи истеҳсолшударо ба маблағи 18 сомонӣ харидорӣ мекард. Соли дуюм аст, ки як килограмм пиллаи омехтаро бо маблағи 20 сомонӣ харидорӣ менамояд.
Дар ҳудуди ноҳияи Рашт 60 ҳазор бех дарахтони калони тут ва 20 гектар тутзор мавҷуд аст. Инчунин дар доираи рушди пиллапарварӣ дар ноҳия соли 2024 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 13 ҳазору 600 бех ниҳоли тут шинонда шуд, ки имрӯзҳо сабзиши он хуб мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






