КИШТИ ТАКРОРӢ. Чӣ тавр аз як замин ду ё се ҳосил ба даст оварем?

Июнь 18, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМТ «Ховар»/. Тибқи нақша, соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат 200 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар Тоҷикистон кишти такрорӣ асосан аз моҳи июн то моҳи август гузаронида мешавад. Он баъди ҷамъоварии ҳосили зироати барвақтӣ анҷом ёфта, имконият медиҳад, ки аз як қитъаи замин дар як сол ду ё се ҳосил гирифта шавад. Ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» омӯзгори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Раҷабалӣ Шарифов иброз намуд, рӯёнидани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ва гирифтани ду ё се ҳосил дар кишти такрорӣ аз муҳлати кишт, истифодаи навъҳои тезпаз ва риояи агротехникаи парвариш вобастагӣ дорад.

Тибқи таҳилҳои олимони соҳаи кишоварзӣ, давомнокии рӯзҳои офтобӣ баъд аз ҷаъмоварии ҳосили тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 100-110 рӯз, вилояти Хатлон 140-150 рӯз ва Ҳисор 120-130 рӯз мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзон барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат аз ин рӯзҳои офтобӣ бояд самаранок истифода намоянд. Инчунин тамоми тадбирҳои заруриро барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоянд.

«Дар шароити иқлими гарму офтобии Тоҷикистон имконияти васеи гузаронидани кишти такрорӣ мавҷуд аст. Дар кишти такрорӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили гандум, пиёз ва картошкаи барвақтӣ метавон ҷуворимакка, мош, лӯбиё ё дигар зироат кишт намуд»,-тавзеҳ дод коршинос.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «дар шароити имрӯза истифодаи самараноки замин аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Кишти такрорӣ яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Бо истифодаи дурусти ин усул метавон аз як қитъаи замин дар як сол ду ва ё зиёда ҳосил ба даст овард. Ин усул имкон медиҳад, ки ҳосилнокӣ зиёд гардида, даромади хоҷагиҳо афзоиш ёбад».

«Барои аз як қитъаи замин гирифтани ду ё се ҳосил, кишоварзон бояд зироати барвақтпаз ва кӯтоҳмуддатро интихоб кунанд, то барои кишти навбатӣ вақт боқӣ монад. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил заминро шудгор ва барои кишти навбатӣ омода созанд. Набояд фаромӯш кард, ки истифодаи тухмии хушсифат ва серҳосил ва ба шароити маҳаллӣ мутобиқ яке аз шарти асосии гирифтани ҳосили фаровон мебошад»,-афзуд Раҷабалӣ Шарифов.

Тавсия дода шуд, ки дар давраи нашъунамо меъёри обмониро бояд зиёд намуд. Яъне дар як гектар 600 то 700 метри мукааб об тавсия дода мешавад. Зеро дар ҳарорати баланд талаботи зироат ба оби пелезӣ бештар мегардад. Муҳлати давраи обмонӣ агар солҳои қабл 13 ё 14 рӯз гузаронида мешуд, дар ин шабу рӯз давомнокии он 8 ё 10 рӯз мебошад.

Коршинос ба кишоварзон тавсия медиҳад, ки дар кишти такрорӣ баъди ҷамъоварии як зироат, зироати дигар кишт карда шавад. Бо риояи ин тадбирҳо кишоварзон метавонанд аз як замин дар як сол ду ё ҳатто се ҳосил ба даст оранд ва самаранокии истеҳсолотро баланд бардоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз менамоянд, ки бо назардошти захираву иқтидорҳои мамлакат барои ба маротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Дар Тоҷикистон агар заминҳо самаранок ва оқилона истифода гардад, тухмиҳои хушсифат интихоб ва кишт карда шаванд, корҳои агрохетникӣ сари вақт иҷро гардад, аз як замин ду -се ҳосил гирифтан имкон дорад.

Раҷабалӣ Шарифов изҳор дошт, ки кишти такрорӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, канда нашудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар кишти такрорӣ асосан зироате кишт карда мешавад, ки давраи нашъунамояш кӯтоҳ мебошад. Ҳар як зироат ба панҷ омили табиӣ талабот дорад, ки инҳо талабот ба об, гармӣ, равшанӣ, ғизо ва ҳаво аст. Агар дар вақти кишт ин панҷ омили табиӣ таъмин карда шаванд, ҳосил фаровон мешавад. Дар вилояти Хатлон дар кишти такрорӣ аз 40 то 45 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» оғоз мегардад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ оғоз гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Шаҳристон шинос шуд
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: «Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад»
Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии ҳосили полезӣ идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти ҷалби сармоягузорӣ тақвият дода мешавад
Татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар Боку баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо созишнома ба имзо расид