Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 02.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мегардад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар китобхона бомаром идома дошта, то моҳи сентябри соли равон пурра ба анҷом мерасанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Китобхона дар доираи Солҳои фарҳанги китобхонӣ (2026-2030) дар вилоят бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҷуръат» бо сарфи 4 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ мегардад.
Китобхона аз тарафи Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб навсозӣ шуда истодааст. Баъди таъмиру навсозӣ, дар китобхона марказҳои омӯзишии китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, инчунин бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ китобхонаи электронӣ ташкил гардида, мутахассисони соҳа ба омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар ҷалб мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли равон аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб 400 нусха китобҳои гуногунмазмун оид ба илм, адабиёт, таърих, фарҳанг, педагогика, инчунин 10 рафи муосири китобмонӣ тақдим карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






