Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Тоҷикистон барои ҷалб ва истифодаи маблағгузории иқлимӣ» ҷамъбаст гардид

Июнь 29, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Тоҷикистон барои ҷалб ва истифодаи маблағгузории иқлимӣ», ки аз ҷониби Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешуд, ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон иштирок намуда, барои ҷамъбасти натиҷаҳои лоиҳа, мубодилаи таҷриба ва баррасии имкониятҳои минбаъдаи рушди маблағгузории иқлимӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 120 мутахассис, аз ин 50 зан дониш ва малакаҳои худро дар самти маблағгузории иқлимӣ ва механизмҳои Фонди иқлими сабз (GCF) тақвият бахшиданд. Ва аввалин консепсияи минтақавии лоиҳа барои Фонди иқлими сабз таҳти унвони «Ландшафтҳои ба иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ», ки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро фаро мегирад, таҳия ва тасдиқ гардида, платформаи миллии маблағгузории иқлимӣ ва низоми рақамии идоракунии донишҳо (KMS) таъсис дода шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 29, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд