Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис аз хизматҳои шоёни таҳсини Алишер Мирзонабот, раиси марҳуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷасадаш субҳи 30 июн аз дарёи Панҷ дарёфт шуд, ёдовар шуда, ба поси хотири ин фарзанди содиқи Ватан дақиқаи хомушӣ эълон намуданд.
Дар идомаи маҷлис нахуст дар бораи Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Барнома бо дарназардошти нақши пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуки хӯрокворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ва ҷорӣ намудани механизми таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таҳия карда шудааст.
Гуфта шуд, ки пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғли аҳолии деҳот, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар нақши муҳим дорад. Инчунин зикр шуд, ки барнома ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи пахтакорӣ, ба роҳ мондани парвариши навъҳои пахтаи ватанию хориҷӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа равона гардидааст.
Сипас, Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 муҳокима гардид.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии Барнома зиёд намудани истеҳсоли пилла, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди содирот, ҷалби сармоя ва муосиркунонии технологияҳои коркарди пилла ба шумор меравад. Ҳамчунин зикр гардид, ки лоиҳа ба панҷ самти асосӣ — ташкил ва рушди боғҳои тут, воридоти тухмии кирмак, парвариши кирмак, истеҳсоли пилла ва маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст.
Дар бораи Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 гузориши шахсони масъули соҳа шунида шуда, таъкид гардид, ки мақсад мусоидат намудан ба рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо мебошад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳадафи барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ иборат мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута барои татбиқи барномаҳо супоришҳо доданд.
Дар кори маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омори расмӣ”, лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кристалл грин гласс” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон ва дастгирии Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар фароварди кори маҷлиси Ҳукумати кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар заминаи татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” бо таҳияи барномаҳои фарогир тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳ дар дохил ва хориҷи кишвар васеъ ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, барои вусъати кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, захираи тухмӣ, истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тезондани корҳои ободонӣ ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.









Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






