Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон маросими видоъ бо муовини марҳуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ки 17 июн бар асари садамаи нақлиётӣ ҳамроҳи зану фарзанд ва ёрдамчиву ронандааш дар дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ғарк гардида, ба ҳалокат расида буд, баргузор шуд.
Дар маросими видоъ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин наздикону пайвандон ва ҳамкорон иштирок намуданд.
Зимни маросим таъзия ва ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила, наздикону пайвандони марҳум расонида шуд.
Иштирокдорони маросим аз хизматҳои арзишманд ва фаъолияти пурсамари Алишер Мирзонабот ёдовар шуда, саҳми ӯро дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафт ва ободонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоиста арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ёди неки Алишер Мирзонабот ҳамчун роҳбари масъулиятшинос ва фарзанди содиқи Ватан дар хотираи мардуми тоҷик ҳамеша ҷовидон боқӣ хоҳад монд.








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






