Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд

Июнь 4, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникии таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ», воқеъ дар шаҳри Турсунзода баррасӣ гардид. Ин тарҳ бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва ҷалби ширкатҳои аврупоии ETECON ва Ecoline International Ltd амалӣ карда мешавад. Дар ин хусус зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори минтақавии БАТР дар Тоҷикистон Холгер Вифел ва намояндагони ширкатҳои ETECON (Сербия) ва Ecoline International Ltd (Булғория) иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи аввал, ҷонибҳо ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва техникию иқтисодии ин лоиҳаро таҳлил намуда, тибқи натиҷаҳои ҳосилшуда ба татбиқи марҳилаҳои баъдии он идома медиҳанд.

Дар мулоқот мусоҳибон ҳамчунин ҳамкории дуҷониба оид ба ҳолати кунунии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои онро баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад