МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар 55 маркази имтиҳонӣ оғоз мегарданд. Барои ба мушкил дучор нашудани довталаб дар рӯзи имтиҳон якчанд тавсия пешниҳод мегардад.
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, довталаб бояд дар маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ҳозир шавад.
Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас мегардад.
Мутахассисони марказ ба довталабон тавсия медиҳанд, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати пешниҳодгардида огоҳ ва бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.
Шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда
Тибқи тартиби муайяншуда, довталаб бояд бо худ шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад) дошта бошад.
Дар хотир доштан зарур аст, ки барои довталаб танҳо дар зарфи шаффоф овардани оби нӯшокӣ иҷозат дода шудааст. Овардани ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра) дар имтиҳон манъ аст.
Довталаб бояд, барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо, пеш аз ҳама ҳаяҷонро аз худ дур созанд. Барои дур кардани ҳаяҷон, пеш аз имтиҳон хуб омода шуда, истироҳат намоянд. Барои бартараф кардани ҳаяҷон сайру гашт кардан дар ҳавои тоза, истироҳат дар ҷойи ором, машқҳои сабук ва гӯш кардани мусиқии ором тавсия дода мешавад.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 1 июл довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд, ки он дар 47 маркази имтиҳонӣ баргузор мегардад.
Барои муваффақ шудан дар имтиҳон довталабро зарур аст, ки на фақат илму дониш дошта бошад, балки онро дуруст истифода бурда тавонад. Барои имтиҳон зеҳнан ва ҷисман тайёр бояд шуд, дастуру тартиботу талаботи имтиҳонро риоя ва бехато иҷро кард: тақсими дурусти вақт, иҷрои дурусти шарту қоидаҳо ва ғайра. Омодагӣ на танҳо донистани иттилоот, азёд кардани маълумот, балки фаҳмидани он ва сипас амалан ва бамаврид ба кор бурда тавонистани он низ аст.
Зарангези ЛА ТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






