МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад

Июнь 29, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Боғи Ирам» иди зардолу баргузор шуд. Дар он даҳҳо намуди зардолуи дар Тоҷикистон парваришёфта пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид ва ҳамагон тамъи лазиз доштани ин меваро таъкид мекарданд. Зардолу нисбат ба дигар меваҳо чӣ афзалият дорад?

Зардолу яке аз меваҳои лазиз буда, дар Тоҷикистон аз охирҳои апрелу аввали моҳи май пухта мерасад. Табибон тавсия медиҳанд, ки ин мева чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад.

Зардолуи тару тоза ба саломатии инсон чӣ фоида дорад?

Зардолу дорои қандҳо, инсулин, лимӯ, витаминҳои гурӯҳи B, C, H, E, P, провитамини А, оҳан ва ғайраҳо мебошад. Истеъмоли зардолу гемоглобинро дар хун зиёд мекунад ва барои гирифторони камхунӣ хеле муфид аст.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, агар шахс хотирпарешонӣ ё камхунӣ дошта бошад ва ё аз фаъолияти ғадуди зери меъда шикоят дошта бошанд, бояд меваи тару тозаи зардолуро истеъмол намояд. Агар меваи тару тозаи он ба инсон фоидаовар бошад, мувофиқ ба фармудаи тибби халқӣ вақти гирифтор шудан ба бемориҳои дил, душвории нафаскашӣ ва роҳи нафас аз мағзи зардолу чой дам карда нӯшидан манфиат дорад. Мағзи зардолу дар қатори доруҳои дигар кушояндаи роҳҳои нафас ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки ин мева чӣ дар шакли тару тоза буданаш ва чӣ хушкаш фоидаовар дониста мешавад.

Зардору хушк дар организми инсон чӣ манфиат дорад?

Агар хоҳед, ки зардолуи хашкардаи шумо сифат ва таъми хуб дошта бошад, барои хушконидан меваи каме пухтаро интихоб намоед. Чунки меваи аз ҳад пухта дар вақти хушконидан сифаташро гум мекунад. Агар хушкмеваи шумо аз меваи хом ё каме нопухта омода шуда бошад, он гоҳ таъми лазиз надошта, онро дуру дароз захира карда намешавад. Меваҳои хушк калсий, магний ва оҳанро дар худ нигоҳ медоранд, ки барои системаи масуният муҳим буда, кори дил, меъдаю рӯдаро ба танзим медарорад.

Агар чанд сол пеш меваҳои тару тоза бо усули анъанавӣ, яъне дар зери офтоб хушк мешуд, имрӯзҳо бо ворид намудани технологияҳои муосир тарзу усули хушк намудани он низ тағйир ёфтааст. Зардолуро баъд аз ҷамъоварӣ дар қуттиҳои махсуси чӯбин гузошта, зери чодари плостикӣ ба дуди ортингӯгирд мегузорем, то хушрангу пурҷило гардад. Сипас онҳоро хушк намуда, дар борхалтаҳо гирифта, дар тагхона ва ё ҷойи салқин захира менамоем. Агар хоҳед, зардолуи хушкнамуда бе донак бошад, баъд аз дуди орингӯгирд донакҳои онҳоро ҷудо карда мегирем.

Дар ҷумҳурӣ баъзе аз навъҳои зардолу ҳаст, ки дар танаи дарахт низ хушк мешавад. Он бо таъм ва ранги худ аз зардолуи хушкнамуда бо дуд фарқ мекунад.

Истеъмоли хушкмева – яке аз роҳҳои солимгардонии ҷисми инсон аст. Инчунин истеъмоли он дар фасли сармо хеле муфид мебошад, зеро инсон ба норасоии витаминҳою микроэлементҳо дучор мегардад. Хушкмева маводи серғизо мебошад.

Табибон ба занҳои ҳомиладор, инчунин он модароне, ки нав тифл ба дунё овардаанд, мунтазам хӯрдани зардолуи хушкро тавсия медиҳанд.

Зардолуро дар об ҷӯшонида ё хушкашро як шабонарӯз дар об тар намуда, он обро бинӯшанд, моддаи сафроро бо исҳол дафъ ва дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медиҳад, фишор ва ҷӯшиши баланди хун ва сафроро паст мегардонад, оруғро дафъ месозад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд