Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22–23 августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» («Dushanbe Summer Fest – 2026») баргузор мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тавсиб расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Чорабинӣ бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Ҳадафи асосии фестивал рушди соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахт, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангии шаҳри Душанбе ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ мебошад.
Дар доираи фестивал, барномаи гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва сайёҳӣ пешниҳод мегардад. Аз ҷумла, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва байналмилалӣ, шириниҳо ва нӯшокиҳои гуногун, бозиҳои варзишию зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, намоишҳои театриву сиркӣ, сайру гашт тавассути асп ва дигар чорабиниҳои шавқовар ташкил карда мешаванд.
Бахши асосии фестивалро шоу-консерти бузург бо иштироки ситораҳои маъруфи эстрадаи тоҷик ва ҳунармандони хориҷӣ ташкил медиҳад.
Дар асоси қарори Раиси шаҳр, ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» тасдиқ гардида, сохторҳои дахлдори шаҳрӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ вазифадор карда шудаанд.
Ҳамзамон тибқи ин қарор, шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивал муайян гардидааст.
«Фестивали тобистонаи Душанбе» ба яке аз чорабиниҳои маъруфи фарҳангӣ ва фароғатии пойтахт табдил ёфтааст. Ин фестивал қаблан низ бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе се маротиба – солҳои 2018, 2019 (аз ҷониби ширкати «Rooyo Production») ва 2021 баргузор гардида, ҳар дафъа ҳазорон сокинону меҳмонони пойтахт ва сайёҳони хориҷиро ба ҳам овардааст.
Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дод, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди соҳибкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ нақши муҳим дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд






