Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: «Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад»
ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, раиси Шурои мудирони Гурӯҳи ҳолдингии байналмилалии «Ал-Инҷаз» Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар доираи сафари худ бо намояндагони як қатор мақомотҳои калидӣ ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин вохӯриҳо дурнамои густариши ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин тақвияти робитаҳои мустақим байни ҷомеаҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ дар мавриди фаъолияти асосии Шуро ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ суҳбат кард.
АМИТ «Ховар»: Нақши Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар рушди муносибатҳои иқтисодии ду давлат чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ соли 2022 ҳамчун як қисми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи шуро, ҳамчун як платформаи муассир барои ҳамкории намояндагони ҷомеаҳои тиҷоратии ду давлат, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва таъсиси шарикии дарозмуддат, ки ба рушди устувори иқтисодии ҳарду давлат мусоидат мекунанд, мебошад. Фаъолияти босамари Шуро дар рушди муносибатҳои иқтисодии ду давлат нақши сазовор дорад. Ман аз натиҷаи мулоқотҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон бо як қатор мақомотҳои калидӣ ва соҳибкорони тоҷик доштам, ба чунин хулоса омадам.
АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, Шумо ба наздикӣ раиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ таъйин шудед. Барои фаъолияти босамари Шуро дар оянда кадом тадбирҳоро амалӣ карданӣ ҳастед?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Яке аз тадбирҳои асосӣ дар фаъолияти минбаъда ин табдил додани Шуро ба як механизми муассири ҳамкории мустақим байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мебошад. Мо ният дорем, ки форумҳои махсуси тиҷоратӣ ва вохӯриҳои тиҷоратиро ташкил кунем, мубодилаи ҳайатҳои тиҷоратию иқтисодиро осон кунем, имкониятҳои сармоягузориро байни ду мамлакат таблиғ кунем, лоиҳаҳои нав ва шарикии муштаракро дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ ба роҳ монем.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар кадом самтҳои иқтисодӣ имконияти бештар барои густариши ҳамкорӣ доранд?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Ба андешаи ман, самтҳои умедбахштарини ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, энергияи барқароршаванда, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, рушди инфрасохтор ва хидматрасонии логистикӣ мебошанд. Ин бахшҳо имкониятҳои назаррасро барои татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд пешниҳод мекунанд.
АМИТ «Ховар»: Шумо дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Муносибатҳои дуҷониба байни Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи робитаҳои қавии маънавӣ, арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва тамаддунии мардуми бародари мо, инчунин муносибатҳои наздики бародарона байни Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Аълоҳазрат Шоҳзодаи валиаҳд ва сарвазир Муҳаммад бин Салмон ва бародари онҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфтаанд.
Дурнамои ҳамкории мо хеле умедбахш ба назар мерасад, ки ин ба шарофати иродаи қавии сиёсии роҳбарияти ду мамлакат ва мавҷудияти доираи васеи имкониятҳои сармоягузорӣ, ки метавонанд тиҷорати мутақобила ва сармоягузориро дар солҳои оянда ба таври назаррас афзоиш диҳанд, мебошад.
АМИТ «Ховар»: Дар солҳои охир таваҷҷуҳи сармоягузорони саудӣ ба Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфтааст? Кадом лоиҳаҳо барои онҳо бештар ҷолиб мебошанд?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Дар солҳои охир таваҷҷуҳи сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон бо шарофати беҳтар шудани мунтазами фазои сармоягузорӣ ва таблиғи фаъоли имкониятҳои сармоягузории мамлакат ба таври назаррас афзоиш ёфт. Лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноати коркард махсусан ҷолибанд.
АМИТ «Ховар»: Дар кадом бахшҳо имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бештар аст?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Имкониятҳои назарраси лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гидроэнергетика, энергияи барқароршаванда, кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноат ва хидматрасонии логистикӣ мавҷуданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари мо ба Тоҷикистон мулоқоти пурсамар бо намояндагони ширкатҳои тоҷикистонӣ буд. Дар он мо ба мувофиқа расидем, ки дар ояндаи наздик дар асоси ширкатҳое, ки мо дар Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон идора мекунем, ширкати муштараки сармоягузорӣ таъсис диҳем. Ҳадафи ин ширкат дар аввал сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дар оянда сармоягузорӣ дар Арабистони Саудӣ хоҳад буд.
АМИТ «Ховар»: Шумо нақши бахши хусусиро дар тақвияти муносибатҳои иқтисодии ду мамлакат чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Бахши хусусӣ омили асосии ҳамкории иқтисодӣ мебошад. Соҳибкорон ва сармоягузорон қодиранд имкониятҳои мавҷударо ба лоиҳаҳои воқеӣ ва шарикии дарозмуддат табдил диҳанд, ки барои ҳарду давлат манфиатҳои мутақобила меоранд.
АМИТ «Ховар»: Шурои корӣ барои баргузории форумҳо, вохӯриҳои соҳибкорон ва сафарҳои кории мутақобила чӣ нақша дорад?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Мо барои тақвияти робитаҳои мустақим байни ҷомеаҳои тиҷоратии ду мамлакат ва омӯхтани роҳҳои нави ҳамкорӣ барои баргузории як силсила форумҳои иқтисодӣ, вохӯриҳои тиҷоратӣ ва боздидҳои мутақобилаи ҳайатҳо кор бурда истодаем. Аз форуму ҳамоишҳои пештар доиргардида, маълум мегардад, ки чунин ҳамоишҳо барои рушди ҳамкорӣ замина фароҳам меорад. Ин форуму вохӯриҳо ҳамчун майдони васеи муколама барои боз ҳам равнақ ёфтани ҳамкории соҳибкорони тоҷику саудӣ мусоидат менамоянд.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои рушди иқтисоди «сабз» мебошад. Оё ширкатҳои саудӣ барои иштирок дар чунин лоиҳаҳо таваҷҷуҳ доранд?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Бале, мо шоҳиди афзоиши таваҷҷуҳи ширкатҳои Саудӣ ба лоиҳаҳои марбут ба энергияи «сабз» ва рушди устувор ҳастем, махсусан бо назардошти таҷрибаи бои Подшоҳӣ дар ин соҳа ва афзалиятҳои стратегии он дар табдили энергия.
АМИТ «Ховар»: То чӣ андоза рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ метавонад ба наздик шудани мардуми ду мамлакат мусоидат кунад?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Сайёҳӣ пули муҳими ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона байни мардум аст. Он ба ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад, мероси таърихӣ ва фарҳангии якдигарро муаррифӣ мекунад ва имкониятҳои нави иқтисодиро барои ҳарду давлат мекушояд. Мо нақша дорем, ки имконоти дар ин соҳа мавҷудбударо ба таври васеъ истифода намоем.
АМИТ «Ховар»: Кадом омилҳо метавонанд ба афзоиши гардиши савдои байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мусоидат кунанд?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Омилҳои асосӣ ин тақвияти робитаҳо байни намояндагони бахши хусусӣ, густариши мубодилаи тиҷоратӣ, баргузории намоишгоҳҳо ва форумҳои махсус, инчунин беҳтар кардани робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: Шумо муҳити соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои зиёдро барои беҳтар кардани муҳити тиҷоратӣ, ҷолибтар ва рақобатпазиртар кардани он пайваста амалӣ мекунад. Муҳимтар аз он барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
АМИТ «Ховар»: Тавре ки медонем, ин аввалин сафари Шумо ба Тоҷикистон аст. Шумо дар бораи сарзамини мо чӣ таассурот пайдо намудед?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Ман аз меҳмоннавозии самимии мардуми тоҷик, зебоии беназири табиии мамлакат, имкониятҳои назарраси иқтисодии он таассуроти нек бадоштам. Хусусан таваҷҷуҳи қавии давлату ҳукумат ва намояндагони тиҷорат ба рушди ҳамкорӣ бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ назаррас аст.
АМИТ «Ховар»: Паёми Шумо ба соҳибкорон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ, ки мехоҳанд бозори Тоҷикистонро омӯзанд, чӣ хоҳад буд?
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: Барои ман шарафи бузург аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардам. Дар ин сафар бо намояндагон ва роҳбарияти мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои пешбари бахши хусусӣ мулоқот кардам. Дар бораи имкониятҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумот гирифтам. Бо захираҳои бузурги табиӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дурнамои умедбахши рушд, Тоҷикистон метавонад ба як макони ҷолиб барои сармоягузорони Арабистони Саудӣ ва сайёҳон аз минтақаи Халиҷ табдил ёбад.
Дар ин робита, ман мехоҳам соҳибкорон ва сармоягузорони Арабистони Саудиро барои омӯхтани имкониятҳои Тоҷикистон ташвиқ кунам. Имрӯз имкониятҳои воқеӣ барои эҷоди шарикии муваффақ ва дарозмуддат мавҷуданд, ки метавонанд ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор фоидаи назаррас оваранд.
АМИТ «Ховар»: Хуш омадед ба Тоҷикистон ва ташаккур барои суҳбат.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Тоҳирҷон САИДЗОДА








Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии ҳосили полезӣ идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти ҷалби сармоягузорӣ тақвият дода мешавад
Татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар Боку баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо созишнома ба имзо расид
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бонки исломии рушд мулоқот намуд
Ҷаласаи якуми Шурои кории муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
Вазорати нақлиёт Маркази байналмилалии тамосро бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар шакли озмоишӣ фаъол намуд
Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2026 чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ мамлакат содирот намуд?
Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид






