Муовини Сарвазир бо фаъолияти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Шаҳристон шинос шуд

Июнь 18, 2026 09:11

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо рафти корҳои саҳроӣ ва вазъи нашъунамои картошка дар ноҳияи Шаҳристон шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон хабар медиҳад.

Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки рушди соҳаи картошкапарварӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ  ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи самараноки  замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сулаймон Зиёзода бо қитъаҳои кишоварзии деҳқонон, вазъи рушди зироати картошка, иҷрои тадбирҳои агротехникӣ, таъмини заминҳо бо оби полезӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини соҳа ва кишоварзон барои сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки бо назардошти имкониятҳои мусоиди табиӣ ва таҷрибаи бойи картошкапарварони ноҳия, зарур аст ҳаҷми истеҳсоли картошка бештар гардида, кишоварзон саҳми худро дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат боз ҳам назаррас гардонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон

Июнь 18, 2026 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд