Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазир, Вазири саноат, энергетика ва инноватсияи Ҷумҳурии Бошқирдистон Александр Шелдяев, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо мақсади шиносоӣ бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва мероси ғании халқи тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард , иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Барои меҳмон сайри осорхонавӣ ташкил гардида, Александр Шелдяев дар толорҳои намоишии осорхона нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои муҳими мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷиконро тамошо намуд.
Ҳамзамон ба меҳмон вобаста ба марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, дастовардҳои фарҳангӣ, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар анҷом Александр Шелдяев аз сатҳи баланди ташкилу баргузории намоишгоҳҳо ва тарҳу пешниҳоди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






