Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бонки исломии рушд мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар шаҳри Боку дар ҳошияи Ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки исломии рушд, доктор Муҳаммад Ал-Ҷосир баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва авлавиятҳои он, инчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва ҳампайвастагии минтақавӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан ба имконияти таҳияи барномаи нави дарозмуддати ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, ки авлавиятҳои умумии ҳамкории ҷонибҳоро барои солҳои наздик муайян месозанд, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, инчунин тавсеаи абзорҳои маблағгузории исломӣ барои дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Ҳоким Холиқзода ба Бонки исломии рушд барои шарикии боэътимод ва дарозмуддат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ибрози итминон кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд минбаъд низ дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва шарикии созанда густариш хоҳанд ёфт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон











Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






