Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд

Июнь 4, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар 24-умин ҷаласаи муштараки солонаи Гурӯҳи кории 4-уми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ» (WG-4) ва Гурӯҳи лоиҳавии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба татбиқи меъёр ва таҷрибаҳои тавсияшуда дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (PT/EAST METG ICAO), ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони ICAO, Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК), зиёда аз 53 коршинос аз мамлакатҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд.

Дар доираи ҷаласаи муштарак инчунин ҳамоиш оид ба ҳамкории амалиётӣ байни марказҳои амалиётии минтақавӣ (ROC) ва марказҳои амалиётии миллии метеорологӣ (NOC) бо таваҷҷуҳ ба табодули иттилоот дар формати рақамии IWXXM баргузор гардид. Ҳамзамон иштирокчиён ҷанбаҳои асосии модернизиатсияи таъмини хизматрасонии метеорологии парвозҳо, чаҳорчӯбаи танзимкунандаи фаъолияти марказҳои минтақавӣ, татбиқи усули рақамии интиқоли маълумоти IWXXM дар давлатҳои минтақа, инчунин дурнамои гузариши марҳила ба марҳила ба муҳити иттилоотии SWIM – консепсияи глобалии ҳамкории рақамӣ байни ҳамаи иштирокчиёни ҳаракати ҳавоӣ, аз ҷумла ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, хадамоти метеорологӣ, хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва ғайраро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

Иштирокдорон тағйироти глобалӣ, аз ҷумла тағйироти эҳтимолӣ ба замимаи 3-и Конвенсияи Чикаго ва қоидаҳои нави PANS-MET-ро муфассал муҳокима намуданд.

Дар анҷом қадамҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ барои татбиқи Нақшаи аэронавигатсионии глобалӣ ва таҷдиди системаҳои авиатсионӣ (GANP/ASBU) муайян карда шуданд. Маҷмуи ҳуҷҷатҳои корӣ инчунин барои муаррифии минбаъда дар ҷаласаҳои Гурӯҳи таъмини хизматрасонии метеорологӣ (METG) ва Гурӯҳи банақшагирии аэронавигатсионии аврупоӣ (EANPG) тартиб дода шуданд.

Иштироки мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар ин ҷаласа барои табодули таҷриба, баланд бардоштани сифати хизматрасонии метеорологии авиатсионӣ ва татбиқи системаҳои рақамии соҳавӣ дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Июнь 4, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард