Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд

Июнь 3, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оила хабар доданд, мақсад аз баргузории ҷаласа муттаҳид сохтани неруи занони фаъоли мамлакат барои саҳмгузории бештар дар ободонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷаласаи Шуро ҳамчун майдони мубодилаи афкор ва таҷриба дар масоили тақвият бахшидан ба саҳми занон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва корҳои созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии занону духтарон, наврасону ҷавонон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, ифротгароӣ, фарҳанги бегона ва дигар падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, дастгирии ташаббусҳои занон хизмат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати Раёсати Шурои марказӣ бо теъдоди 24 нафар ва аъзои он аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо теъдоди 452 нафар интихоб гардидаанд.

Иброз гардид, ки занону модарон ҳамчун омили муттаҳидкунанда дар оила ва ҷомеа барои нигоҳ доштани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат намуда, масъалаҳои тозагӣ ва озодагӣ, нигоҳдории муҳити зист, ободонии маҳал ва хонадон ҳамеша аз фарҳанги волои зани тоҷик сарчашма мегиранд.

Дар Шуро масъалаҳо вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба расму оинҳои неки миллӣ, фарҳанги муошират, эҳтироми калонсолон, нақши занону модарон дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар маҳаллаву ҷомеа барои пешгирии таассубу ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, арзишҳои маънавӣ, ки барои ташаккули ҷомеаи пешрафта аҳамияти калон дорад, мавриди андешаронӣ қарор дода шуд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд