Намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Корея бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Корея ва Институти метеорологии Корея дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъи кунунии шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷии мамлакат шинос шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки ҳадафи асосии сафари намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон шиносоӣ бо вазъи кунунии шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ, арзёбии фаъолияти стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ ва баррасии имкониятҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти рушди инфрасохтори обуҳавошиносӣ, инчунин технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Дар рафти вохӯриҳо ва машваратҳои техникӣ, ҳамзамон шиносоӣ аз вазъи кунунии шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ, фаъолияти стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ, низоми ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли маълумоти соҳавӣ, инчунин инфрасохтори иттилоотии агентӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин масъалаҳои марбут ба истифода ва такмили серверҳо, шабакаҳои алоқа, системаҳои мониторинг, санҷиш ва насби таҷҳизоти нави мушоҳидавӣ муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо доир ба роҳҳои густариши ҳамкории техникию илмӣ, табодули таҷриба, омӯзиши мутахассисон ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири обуҳавошиносӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Корея дар самти татбиқи технологияҳои пешрафтаи обуҳавошиносӣ, системаҳои худкори мушоҳидавӣ ва идоракунии маълумоти обуҳавошиносӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Омӯзиш ва истифодаи ин таҷриба метавонад ба рушди минбаъдаи соҳаи обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати мушоҳидаҳо ва такмили хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши басомади падидаҳои хавфноки табиӣ, рушди шабакаҳои мушоҳидавӣ, такмили низоми ҷамъоварӣ ва интиқоли маълумот, рақамикунонии равандҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа ба шумор мераванд.
Ҳамкорӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Корея барои тавсеаи мубодилаи таҷриба, рушди иқтидори техникӣ ва кадрии соҳаи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамчун қадами муҳим дар ин самт арзёбӣ мегардад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






