Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсати Шурои соҳибкории СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 — 24 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи Раёсати Шурои соҳибкории Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳмонализода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа аҳамияти рушди ҳамкории нақлиётӣ ва логистикӣ дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид. Инчунин иштирокдорон зарурати тақвияти фаъолияти муштаракро барои рушди долонҳои нақлиётӣ ва ташаккули механизмҳои самараноки ҳамкории логистикӣ дар доираи созмон муҳим арзёбӣ намуданд.
Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси таъсиси гурӯҳҳои кории соҳавиро оид ба нақлиёт ва логистика, энергетика ва иқтисоди «сабз», инчунин кишоварзӣ дастгирӣ намуд.
Ҳамзамон омодагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва сохторҳои соҳавии он барои расонидани мусоидати ҳамаҷониба ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак тасдиқ гардид.
Бо мақсади таҳкими ҳамкории амалии давлатҳои аъзои созмон, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории Созмони ҳамкори Шанхай оид ба нақлиёт ва логистика дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки намоишгоҳи соҳавии «Транслогистикаи Созмони ҳамкори Шанхай» ташкил карда шавад.
Дар ҷаласа иштирокдорон оид ба аҳамияти рушди минбаъдаи робитаҳои соҳибкорӣ, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, ки ба таҳкими шарикии иқтисодӣ дар фазои Созмони ҳамкори Шанхай равона гардидаанд, мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






