Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд

Июнь 25, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Душанбе нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни нишаст масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташакил ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, мубодилаи таҷриба дар ин самтҳо, баланд бардоштани зарфияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ташкили Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба зидди терроризм, ки 30 январи соли 2003 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, амал менамояд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард