Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд

Июнь 3, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Ҷумҳурии Исломии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид шуд, ки энергетика яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ба тақвияти ҳамкорӣ оид ба татбиқи босамари лоиҳаи CASA-1000 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Сарвазири кишвар таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои захираи бузурги гидроэнергетикӣ буда, ба истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза авлавият медиҳад.

Инчунин, ҷонибҳо алоқамандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, логистика, сайёҳӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таъкид доштанд.

Июнь 3, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд