Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи идомаи муаррифии «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа машварати илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.
Ходимони илмии институт дар маърӯзаҳои худ хусусиятҳои гидрологӣ, манбаъҳои ташаккули ҷараёни об ва вазъи экологии ҳавзаи дарёи Сурхобро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист ва хатарҳои геоэкологии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки солҳои охир дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ вазъи экосистемаҳои ҳавза тағйир ёфта, онҳо ба фишорҳои экологӣ бештар дучор гардидаанд. Аз ҷумла, истифодаи нодурусти заминҳои кишоварзӣ дар нишебиҳо, чаронидани аз меъёр зиёди чорво ва сатҳи нокифояи инфрасохтори санитарӣ-техникӣ дар баъзе маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба устувории муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.
Таъкид шуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва коҳишёбии захираҳои пиряхӣ зарурати гузаронидани таҳқиқоти мукаммали илмӣ, татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ва ба роҳ мондани идоракунии устувори захираҳои табиӣ беш аз беш муҳим мегардад.
Дар анҷоми чорабинӣ оид ба масъалаҳои марбут ба омӯзиши равандҳои геоэкологӣ, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани таъсири омилҳои антропогенӣ ва пешгирии хатарҳои эҳтимолии табиӣ иштирокчиён байни худ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






