ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Истиқболи донишмандон ва табибони Эрон аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон

Июнь 24, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бо истиқболи гарму густурдаи донишмандон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи тиб аз ҷумҳурии ҳамзабон ва дӯсти Эрон рӯ ба рӯ гардид. Бархе аз донишмандон ва масъулони арсаи тибби Эрон дар тамос бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон зимни арҷгузорӣ ба ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккуру қадрдонӣ аз таъсиси ин ҷоиза, назар ва андешаҳои худро дар ин хусус ба таври мактуб ва паёмҳои тасвирӣ ирсол намуданд.

Донишмандони эронӣ бар ин назаранд, ки номи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино на танҳо ба ҷаҳони ислом, балки ба таърихи илми башарият тааллуқ дорад. Осори ин табиб ва файласуфи бузург дар тӯли садсолаҳо дар донишгоҳҳои Шарқу Ғарб тадрис мешуд ва дар ташаккули илми тиб нақши муҳим бозидааст. Аз ин рӯ, ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси як ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ӯ метавонад заминаи ҳамкории васеътари илмиро байни муҳаққиқони давлатҳои гуногун фароҳам оварад.

Бархе аз устодони донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотии тиббии эронӣ таъкид намудаанд, ки ин ҷоиза метавонад ҷомеаи илмии ҷаҳонро ба дастовардҳои нав дар соҳаи тандурустӣ, тиб ва технологияҳои муосири табобатӣ ҳидоят намояд. Ҳамчунин ин ташаббус барои олимон ва пажуҳишгарони ҷавон ангезаи нав бахшида, онҳоро ба роҳи навоварӣ ва кашфиётҳои илмӣ раҳнамоӣ хоҳад намуд.

Коршиносони фарҳангӣ низ таъсиси ин ҷоизаро нишонаи таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармояҳои маънавии гузаштаи худ ва мероси муштараки илмӣ ва фарҳангии мардумони минтақа арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи онҳо, гиромидошти шахсияти ҷаҳонии Абуалӣ ибни Сино тавассути як ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ ба таҳкими муколамаи илмӣ, мубодилаи дониш ва наздикшавии бештари миллатҳо мусоидат хоҳад намуд.

Аз ҷумла, доктор Аҳмадалӣ Нурболои Тафтӣ, равонпизишки номдор ва мудири бахши равонпизишкии бемористони Имом Хумайнӣ ва раиси собиқи Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон, зимни ёдоварӣ аз хадамоти Ибни Сино дар арсаи пизишкӣ барои ҷаҳониён, иқдоми таҳсинбарангези Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити феълӣ бисёр саривақтӣ ва муфид донист ва онро барои ҳамкории пизишкии олимону донишмандони ҷаҳон ва кашфиётҳои нави илмӣ асаргузор тавсиф намуд.

Ба ақидаи ин табиби маъруф, таъсиси ин ҷоиза метавонад сабаби таҳрики донишмандону муҳаққиқон барои дастовардҳои илмӣ дар арсаи тиб гардад.

Ба гуфтаи доктор Нурболо, Эрон дар заминаи нашру тарҷумаи осори Ибни Сино дастовардҳои назаррас дошта ва бо баракати таъсиси ин Ҷоизаи байналмилалӣ олимони эронӣ ҳам метавонанд дар ин замина дастовардҳояшонро муаррифӣ намоянд.

Доктор Нурмуҳаммади Нурниё аз шаҳри Машҳад таъсиси ин ҷоизаро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоме арзишманд, дурандешона ва ифтихорофарин медонад. Ба ақидаи ин муҳаққиқ, ин иқдом илова бар густариши дониш ва пешрафти илм, ҷойгоҳи дурахшони тамаддунии тоҷиконро ёдовар мешавад, зеро Ибни Сино фарзанди бузурги тоҷикон буд.

Ба назари ин олим, аҳамияти таъсиси ҷоиза дар он аст, ки гузаштагони пурифтихори моро ба оянда пайванд медиҳад ва метавонад ҳамсон бо ҷоизаҳои матраҳи ҷаҳонӣ, донишамандони ҷаҳонро гирди ном ва мероси фарзанди накӯноми тоҷик гирди ҳам оварад.

Доктор Аббоси Қанбарии Удивӣ, устодёри забону адабиёти форсии Донишгоҳи Фарҳангиёни Теҳрон, Раиси Бунёди Эроншиносии устони Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ ва узви пайвастаи Анҷумани тарвиҷи забону адаби форсии Эрон, ки дар тоҷикшиносӣ низ фаъолиятҳое дорад, зимни қадрдонӣ аз ташаббуси Пешвои миллат навиштааст: «Хабар ёфтам, ки Раиси Ҷумҳурии фарҳехта, донишдӯст ва фарҳангпарвари Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Синоро таъсис додаанд. Ин иқдоми ҳушмандона ва бисёр шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Раисҷумҳури фарҳехтаи Тоҷикистон барои кӯдакони имрӯз дар мактаб, донишҷӯён ва ҷавонон дар донишгоҳ, пизишкону донишварон ва донишмандон дар арсаҳои кору талоши илмӣ иқдоми шоиста аст, зеро умеди моро ба ояндаи саршор аз тавсеа, пешрафт ва густариши фарҳангпарварӣ афзоиш медиҳад. Шоиста медонам,ки аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Раиси хирадманди Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ ва сипосгузорӣ кунам ва ин иқдоми хуҷастаро ба мардуми Тоҷикистон шодбошу табрик бигӯям ва ба Олиҷаноб Эмомалӣ Раҳмон барои андешаварзӣ, тадбиру талош, кӯшиш ва иқдомҳое, ки метавонанд дар тамоми ҷаҳон асаргузору рӯшангар бошанд, як ҷаҳон сипос арза дорам».

Доктор Маҳмуди Аббосӣ — устоди Донишгоҳ ва пажуҳишгар дар ҳавзаи ҳуқуқи саломат, ҳуқуқи пизишкӣ ва ахлоқи зистии Эрон низ аз талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболи самимона намуда, мегӯяд: «Ин ҷоиза, ки аз ҷониби Раисҷумҳури муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон тарроҳӣ ва пешниҳод шудааст, хеле арзишманд аст ва ман фикр мекунам, ки он метавонад як саҳнаи муносибро барои ҳамбастагии бештар байни мамлакатҳои форсизабон ва кишварҳое, ки айни замон дар соҳаҳои гуногуни мероси тиббии аҷдодони мо фаъолият мекунанд, эҷод кунад. Аз ин рӯ, ин ҷоиза метавонад нақш ва таъсири худро дар амиқтар кардани равобити Тоҷикистону Эрон ва иртифои ҷойгоҳи илми форсизабонон дар арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ гузорад».

Хабаргузории пизишкии Эрон — «Дидабони илм» мақолае доир ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб мунташир намуда, ба ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъсиси ин ҷоиза арҷгузорӣ намуда, навиштааст: «Дар ҷаҳони муосир кишварҳо на танҳо тавассути иқтисод ва сиёсат, балки бо фарҳанг, илм ва мероси таърихии худ низ шинохта мешаванд. Таъсиси ин ҷоиза имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун конуни яке аз бузургтарин нобиғаҳои илмии ҷаҳон бештар муаррифӣ гардад.

Ҳар қадар ки номи ҷоиза дар сатҳи байналмилалӣ маъруф шавад, ҳамон қадар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таърих, фарҳанг ва илми тоҷикон зиёд мегардад. Ин раванд метавонад ба рушди сайёҳии фарҳангӣ, ҳамкории илмӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ низ мусоидат намояд».

Донишмандон ва табибони Эрон изҳори итминон кардаанд, ки Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино метавонад дар оянда ба яке аз ҷоизаҳои бонуфузи илмии ҷаҳон дар соҳаи тиб табдил ёбад ва номи Тоҷикистонро ҳамчун пуштибони илм, таҳқиқот ва навоварӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Июнь 24, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода: «Яке аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳё ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад»
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мавҷуд аст