Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ

Июнь 26, 2026 07:50

26.06.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.

Дирӯз ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ мардуми сулҳпарвари кишварро самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, ба ҳамаи кишварҳои дӯст, шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки пешниҳоди Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карданд ва ба қабули ин қатъномаи муҳимми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд, сипоси амиқ иброз менамоям.

Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.

Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.

Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.

Сулҳ фарҳанг аст.

Сулҳ масъулият аст.

Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.

Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.

Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад.

Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд.

Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо аз роҳи муколама ва ҳамкории созанда имконпазир аст.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Барои Тоҷикистон мавзӯи сулҳ танҳо як масъалаи рӯзномаи байналмилалӣ нест.

Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд.

Бояд гуфт, ки кишвари мо дар солҳои аввали истиқлол бо доштани чунин арзишҳои бузурги меросӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Ин ҷанг ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди умумии давлатамон зарбаи даҳшатнок ворид кард.

Вале мо ба шарофати хиради миллӣ ва фарҳанги сулҳпарваронаи мардумамон тавонистем аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, раванди давлатсозии муосирро оғоз намоем.

Дар натиҷаи саъю талошҳои зиёд сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар диёри мо барқарор гардид ва ба пояи асосии рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт.

Яъне сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсие, ки имрӯз дар кишвари мо ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст.

Пешрафт дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, инчунин, нақши фаъол дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯзномаи байналмилалии об ва ҳифзи пиряхҳо дастовардҳое мебошанд, ки ба мо аз баракати сулҳу субот муяссар гардиданд.

Қобили зикр аст, ки сарчашмаи пешравӣ ва ташаббусҳои мо арзишҳо ва анъанаҳои деринаи ҳамзистии осоишта мебошанд, ки дар ҷомеаи тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ташаккул ёфтаанд.

Сарзамине, ки дар марзи фарҳангҳо, забонҳо ва анъанаҳои гуногун қарор дошт, дар тӯли замон ба чорроҳаи ҳамзистиву ҳамкорӣ, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва урфу одатҳои ҳамдигар табдил ёфт.

Маҳз ҳамин мероси ғании фарҳангӣ, ки дар домани тамаддуни ориёӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз барои пешбурди ташаббусҳои сулҳофарини Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Дар ин замина, бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳамфикр соли гузашта дар Конфронси генералии ЮНЕСКО қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии хуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид, ки аз решаҳои амиқи таърихии арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар тамаддуни бостонии аҷдоди мо гувоҳӣ медиҳад.

Мусаллам аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дигар мардумони форсизабон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд.

Заминагузорони ин ганҷинаи ниҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккироне буданд, ки мероси нодиру камназири онҳо аз василаҳои пешбарандаи илму фарҳанги инсоният маҳсуб меёбад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон мову шумо, ҳамчунин, дар арафаи боз як ҷашни дигар – Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ мебошад, қарор дорем.

Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн низ самимона табрик мегӯям.

Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки рамзи пирӯзии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва кафолати рушди бесобиқаи кишварамон мебошад, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузург ва муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи воқеан сарнавиштсози баҳамоиву сарҷамъии миллати тоҷик ва расидан ба сулҳу суботи пойдор мебошад.

Мо – мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кардем, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем.

Бинобар ин, мардуми мо даҳшату фоҷеаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми таърихиву тақдирсози Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.

Маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон заминаи боэътимоди ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистони тозаистиқлол гузошта шуд.

Ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии давлати навбунёди моро ташкил медиҳад, шарти асосии оромиву осоиши мардуми шарифи кишвар, муҳимтарин омили рушди ҷомеа ва амалӣ гардидани тамоми нақшаву тадбирҳои созандаи мо мебошад.

Имрӯз мо ба хотири бунёди ҷомеаи сифатан наве талош дорем, ки ба талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳо ҷавобгӯ бошад ва имкон диҳад, ки мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадам гузоранд ва пеш раванд.

Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва махсусан наврасону ҷавонон, омӯзиши техникаву технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем.

Дар ин раванд, як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа муҳимтарин роҳи пешгирӣ кардани ҷаҳолату хурофот, таҳкими амнияту субот ва таъмин намудани пешрафту тараққиёти давлат мебошад.

Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек ба мо, пеш аз ҳама ва муҳимтар аз ҳама, сулҳу амният, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ зарур аст.

Дар робита ба ин, таъкид мекунам, ки хусусан дар шароити пурихтилофу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии миллӣ аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.

Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» моро водор месозад, ки ба оянда бо масъулияти бештар назар кунем.

Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад.

Мо ният дорем, ки соли оянда дар арафаи 30-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.

Бо итминони комил иброз медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба қадру манзалати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо, ки амалӣ гардидани нияту орзуҳои неки ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад, боз ҳам бештар талош мекунанд.

Бо умеди ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони азиз ҳамаи шумо – ҳамдиёрони гиромӣ ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бори дигар ба ифтихори қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва ҷашни фархундаи Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу саодат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Бигзор, ин қатънома ҳамчун санади муҳимми байналмилалӣ ба таҳкими дӯстиву ҳамкории байни халқҳо, густариши фарҳанги сулҳ ва бунёди ҷаҳони амну осуда барои наслҳои имрӯзу оянда мусоидат намояд!

Бигзор, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон ҳамеша пойдор бошад ва ояндаи башарият бар пояи адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ устувор гардад!

Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси сулҳҷӯёнаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ 26.06.2026

Июнь 26, 2026 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон