Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, раиси Шурои мудирони Гуруҳи ҳолдингии байналмилалии «Ал-Инҷаз» Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои густариши ҳамкории сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, ҷонибҳо доир ба соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байни доираҳои соҳибкории ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, рушди соҳа баррасӣ шуд.
Иброз гардид, ки имрӯз мавқеи Тоҷикистон зери ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким ёфта, мамлакати мо дар раддабандиҳои глобалӣ сатҳу эътибори хосса пайдо намудааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






