Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид

Июнь 17, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи дарёфти роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак зимни мулоқоти муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода бо ҳайати ширкати «Mega Fortris Group»-и Малайзия, ки 16 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, дар мулоқот ба меҳмонон имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, афзалиятҳои фазои соҳибкорӣ, иқтидори содиротӣ ва шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ муаррифӣ карда шуданд.

Инчунин аз ҷониби намояндагони ширкати «Mega Fortris Group» самтҳои асосии фаъолияти ширкат тариқи рӯнамо муаррифӣ гардид. Ҳамзамон имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мусоҳибон омодагии худро барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд, табодули таҷриба ва иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳо ва форумҳои байналмилалӣ иброз намуданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 17, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид