Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид

Июнь 25, 2026 14:30

 ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода бо Кордори муваққати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Николай Колодкин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ бо таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон ба рӯзномаи иҷлосияи 33-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки рӯзҳои 4–8 июли соли равон дар шаҳри Гаагаи Шоҳигарии Нидерланд баргузор мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд